Суперкомпютери Opta “Арсенал”-ро дар ЛЧ муддаии асосӣ медонад
Суперкомпютери Opta дастаи “Арсенал”-ро пас аз анҷоми бозиҳои даври дуюми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо дар мавсими 2025/2026 ҳамчун довталаби асосӣ муайян кард. Эҳтимолияти пирӯзии “Арсенал” дар ин мусобиқа 18,09% арзёбӣ шудааст. Дар ҷойи дуюм “Ливерпул” (14,70%) ва дар ҷойи сеюм “Пари Сен-Жермен” (13,96%) қарор доранд.
Қаҳрамони амалкунандаи Лигаи чемпионҳо тими “ПСЖ” мебошад. Дар финали мавсими 2024/2025 шогирдони Луис Энрике бар “Интер”-и Милан бо ҳисоби 5 бар 0 пирӯзӣ ба даст оварда буданд.
Ёдовар мешавем, ки финали мавсими имсолаи Лигаи чемпионҳо дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена” дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад. Бозии ниҳоӣ рӯзи 30-юми майи соли 2026 доир мешавад. Ғолиби мусобиқа ба марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳои мавсими оянда роҳ меёбад ва ҳамчунин ҳаққи ширкат дар бозии Суперҷоми УЕФА — 2026-ро ба даст меорад.