Сёрлот дуюмин бозигар дар таърихи “Атлетико” шуд, ки дар ЛЧ хет-трик кард
Ҳамлагари норвегиягии дастаи “Атлетико Мадрид” Александр Сёрлот дуюмин бозигар дар таърихи бошгоҳ шуд, ки дар Лигаи чемпионҳо хет-трик анҷом дод.
Дар бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳо ҳамлагар се гол ба дарвозаи “Брюгге”-и Белгия зад. Бозӣ бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи “Атлетико Мадрид” хотима ёфт. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Метрополитано” дар шаҳри Мадрид бозӣ карданд. Сардовари асосии вохӯрӣ Клеман Тюрпен аз Фаронса буд.
Қаблан, Марио Манҷукич аввалин бозигари “Атлетико” шуда буд, ки муаллифи хет-трик гардид. Ҳамлагари хорватӣ моҳи ноябри соли 2014 дар бозӣ зидди “Олимпиакос” (4:0) се гол зада буд.
Қобили зикр аст, ки бозии аввал миёни дастаҳо рӯзи чоршанбе, 18 феврал баргузор шуда, бо мусовии пургол (3:3) анҷом ёфта буд. Ҳамин тариқ, “Атлетико” бо ин ғалаба ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт ва дар он ҷо бо “Ливерпул” ё “Тоттенҳэм” рақобат хоҳад кард.