Тӯби расмии Лигаи Чемпионҳо муаррифӣ шуд

Тӯби расмии Лигаи Чемпионҳо муаррифӣ шуд

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) дар сомонаи расмиаш тӯби марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳоро барои мавсими 2020/2021 муаррифӣ кард. Тӯб бо рангҳои сурх ва кабуд сохта шудааст. Ёдовар мешавем, ки имрӯз 15-уми сентябр даври сеюми марҳилаи интихобии Лигаи Чемпионҳо оғоз мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳо дастаи “Бавария” мебошад. Олмониҳо дар финал бар дастаи “ПСЖ” бо натиҷаи 1:0 пирӯз шуда буданд.