“Тӯби тиллоӣ” ва таърихнигории Ламин Ямал
“France Football” дирӯз 30 номзадро барои дарёфти ҷоизаи инфиродӣ – ”Тӯби тиллоӣ” эълон кард.
Ба ин рӯйихат ситораи “Барселона” Ламин Ямал ҳам шомил гашт . Ямал дар синни 17 солагиву 53 рӯзагӣ ҷавонтарин футболбоз гардид,ки ба рӯйихати номзадони "Тӯби тиллоӣ" шомил шавад. Илова бар ин, Ямал довталаби ҷоизаи “Kopa Trophy-2024” гардид, ки ин ҷоиза ҳарсола сар карда аз соли 2018 ба беҳтарин футболбози ҷавони то 21-сола дода мешавад.
Маросими супурдани "Тӯби тиллоӣ-2024" рӯзи 28-уми октябр дар шаҳри Париж баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ламин Ямал ҷавонтарин футболбоз гардид,ки дар даври ниманиҳоии мусобиқаи Евро ба задани гол даст ёбад. Ҳамлагари испанӣ дар синни 16 солу 11 моҳу 27 рӯзагӣ ба тими Фаронса гол зад.
Инчунин Ямал дар синни 17 солагӣ ҷавонтарин бозигаре шуд, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол ва қаҳрамонии Аврупо баромад кард. Ҷолиб он аст, ки рекорди қаблӣ ба Пелеи афсонавӣ тааллуқ дошт.