Таҳдиди се соли зиндон ба ғолиби 20-каратаи сабқатҳои “Тоскулоҳи бузург”

Таҳдиди се соли зиндон ба ғолиби 20-каратаи сабқатҳои “Тоскулоҳи бузург”

20-карат қаҳрамони сабқатҳои «Кулоҳи бузург», ракеткаи якуми раддабандии ҷаҳонӣ, теннисбози сербӣ Новак Ҷокович метавонад, ки ба се сол аз барои вайронкунии қоидаҳои зиддикоронавирусӣ дар Сербия вориди зиндон шавад. Дар ин бора журналист Карен Свини бо такя ба ҳуҷҷатҳои мутобиқшуда дар сафҳаи «твиттер»-и худ хабар додааст.


Пештар Ҷокович иқрор омад, ки дар хусуси ҳолати мусбии доштааш аз санҷиши коронавирус дарак дошт, замоне, ки бо журналистон дар Белград моҳи декабре вохӯрӣ дошта буд. Ҳамин тавр дар кишвари Сербия ҷазои аз ҳама бештарин барои шахсоне, ки қоидаҳои зиддикоронавирусро вайрон кардаанд, се соли маҳрумкунӣ аз озодӣ аст. Новак бошад бо доштани натиҷаи мусбии пас аз санҷиш аз коронавирус ба журналистон хабар додааст, ки мубталои коронавирус аст ва бидуни ниқоб бо онҳо суратгирӣ кардааст.



Айни ҳол бошад Новак Ҷокович дар шаҳри Мелбурн қарор дошта, ба Чемпионати кушоди Австралия оид ба теннис омодагӣ мебинад. Оиди қазияи ҷанҷолбарангези визаи теннисбози сербӣ бошад судя гуфта буд, ки визаашро ғайриқонунӣ бекор кардаанд, аммо то ба ҳол Ҷоковичро дар дилхоҳ ҳолат метавонанд аз кишвари Австралия ихроҷ кунанд, зеро чунин ваколатро вазири муҳоҷират доро аст.