Тақдири баъдии сармураббии мунтахаби Аргентина маълум шуд
Сармураббии мунтахаби Аргентина Лионел Скалони ба ҳамлавар ва сарвони тими миллӣ Лионел Месси хабар дод, ки қарор кардааст дар симмати сармураббигии «албиселесте» боқӣ мемонад. Дар ин бора журналист Эстебан Эдул дар шабакаҳои X (пештар Twitter) хабар додааст.
Пештар, дақиқатараш баъди бозии даври 6-уми марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон – 2026 бо Бразилия (1:0) Скалони оиди ояндаи хеш дар сафи тими мунтахаб суханҳои шубҳанок гуфта буд. Бо вуҷуди ин муттахассис қайд намуд, ки ӯ бо бозигарони даста ва президенти федератсия муносибати хуб дорад.
Муттахассиси 45-сола тамриндиҳии тими миллиро аз моҳи августи соли 2018 оғоз намуда, таҳти роҳбарии ӯ мунтахаби Аргентина ғолиби Ҷоми Амрико- 2021, барандаи ҷоизаи Финалиссима- 2022 ва ҳамчунин қаҳрамони ҷаҳон-2022 гардидааст.