Тақвими байналмилалии мунтахаб ва дастаҳои Тоҷикистон барои мавсими-2026

Тақвими байналмилалии мунтахаб ва дастаҳои Тоҷикистон барои мавсими-2026

Дар соли 2026 як қатор дастаҳои миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ иштирок хоҳанд кард. Хусусан мунтахабҳои футзал ва футболи то 17-солаи кишвар дар марҳилаҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 баромад менамоянд.

Илова бар ин, тими миллии Тоҷикистон 31 март дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 барои дарёфти роҳхати қисми ниҳоӣ бо яккачини Филиппин бозии хеле муҳим анҷом медиҳад.

Дар зер мусобиқаҳои байналмилалие, ки дастаҳои миллии Тоҷикистон ва бошгоҳҳои футболи ватанӣ дар мавсими-2026 дар онҳо иштирок мекунанд, дарҷ мегарданд.

ЯНВАР

14-24 январ – Ҷамъомади тамринии мунтахаби футзали Тоҷикистон ва бозиҳои санҷишӣ дар Индонезия

27 январ – 7 феврал, Индонезия

Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал

Тими миллии Тоҷикистон иштирок мекунад

ФЕВРАЛ

12 феврал – Маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни наврасон (U-17)

18-26 феврал, Минск

Ҷоми рушд-2026

Мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон иштирок мекунад

МАРТ

23-31 март – Рӯзҳои ФИФА

31 март

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027

Гурӯҳи «А». Даври 6-ум

Тоҷикистон - Филиппин

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

АПРЕЛ

11 апрел – Маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027

5-15 апрел

Чемпионати CAFA-2026 миёни наврасон (U-17)

Дастаи то 16-солаи Тоҷикистон иштирок мекунад

6-15 апрел – Рӯзҳои ФИФА барои дастаҳои миллии футзал

МАЙ

2-12 май

Чемпионати CAFA-2026 миёни ҷавонон (U-20)

Мунтахаби то 20-солаи Тоҷикистон иштирок мекунад

7-24 май, Арабистони Саудӣ

Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни наврасон (U-17)

Мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон иштирок мекунад

28 май – Маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни ҷавонон (U-20)

ИЮН

1-9 июн – Рӯзҳои ФИФА

18-28 июн

Чемпионати CAFA-2026 оид ба футзал миёни дастаҳои занона

Дастаи миллии футзали занонаи Тоҷикистон ширкат меварзад

ИЮЛ

21-31 июл

Чемпионати CAFA-2026 миёни дастаҳои занона (U-20)

Дастаи занонаи то 18-солаи Тоҷикистон ширкат меварзад

АВГУСТ

29 август – 6 сентябр

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои ҷавонон (U-20)

Дастаи миллии ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон иштирок мекунад

СЕНТЯБР

5-15 сентябр

Чемпионати CAFA-2026 байни дастаҳои духтарона (U-17)

Тими миллии духтарони навраси Тоҷикистон (U-17) иштирок мекунад

21 сентябр – 6 октябр – Рӯзҳои ФИФА

Сентябр, Арабистони Саудӣ

Бозиҳои Осиёӣ дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ

Интизор меравад, ки тими миллии футзали Тоҷикистон иштирок кунад

 

ОКТЯБР

3-11 октябр

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои духтарона (U-17)

Мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон иштирок мекунад

12-21 октябр – Рӯзҳои ФИФА барои дастаҳои миллии футзал

7-24 октябр

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27

Бошгоҳи футболи “Истиқлол” иштирок мекунад

НОЯБР

2-11 ноябр – Рӯзҳои ФИФА барои дастаҳои миллии футзал

9-17 ноябр – Рӯзҳои ФИФА

Ноябр, Давҳа, Қатар

Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни мунтахабҳои то 17-сола

12-20 ноябр

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни наврасон (U-17)

Агар дастаи то 17-солаи Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёбад, мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон мустақиман ба Ҷоми Осиё-2027 роҳхат мегирад.

ДЕКАБР

6-9 декабр – Рӯзҳои ФИФА барои дастаҳои миллии футзал