Тақвими мусобиқаи интихобии Олимпӣ оид ба гӯштин тасдиқ шуд

Тақвими  мусобиқаи интихобии Олимпӣ оид ба гӯштин тасдиқ шуд

9-11 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи интихобии олимпии қораи Осиё баргузор мешавад.

Ин дуюм мусобиқаи сатҳи баланди интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио мебошад. Дар ҳар категорияи вазнӣ иштирокчиёни финал соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ мегарданд.

Ҷадвали қувваозмоиҳо

8 апрел

Қуръакашӣ

9 апрел

Гӯштингирони юнонӣ-римӣ (60кг, 67кг, 77кг, 87кг, 97кг, 130кг)

11:00-13:00 – марҳилаи муқаддамотӣ

13:00-14:00 – нимфинал

14:00-14:30 – қувваозмоиҳои тасаллобахш

18:00-21:00 – финал

10 апрел

Гӯштини бонувон (50кг, 53кг, 57кг, 62кг, 68кг, 76кг)

11:00-13:00 – марҳилаи муқаддамотӣ

13:00-14:00 – нимфинал

14:00-14:30 – қувваозмоиҳои тасаллобахш

18:00-21:00 – финал

11 апрел

Гӯштини тарзи озод (57кг, 65кг, 74кг, 86кг, 97кг, 125кг)

11:00-13:00 – марҳилаи муқаддамотӣ

13:00-14:00 – нимфинал

14:00-14:30 – қувваозмоиҳои тасаллобахш

18:00-21:00 – финал

Дар мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз 24 давлати Осиё иштирок мекунанд. Аз ҷумҳурии мо барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ дар гӯштини юнонӣ-римӣ Фирӯз Мирзораҷабов (60кг), Шероз Очилов (67кг), Ҳабиб Зуҳуров (77кг), Суҳроб Абдулҳаев (87кг), Мирзоамин Сафаров (97кг), дар гӯштини бонувон Ватансултон Шакаршоева (53кг) ва дар гӯштини тарзи озод Муҳаммад Икромов (57кг), Ҷамшед Шарифов (65кг), Ғуломҷон Шарипов (74кг), Баҳодур Қодиров (86кг), Искандари Рустам (125кг) ба Алмаато сафарбар гардиданд.