Тағйироти нав дар Серияи А

Тағйироти нав дар Серияи А

Шакли чемпионати Италия оид ба футбол метавонад тағйир дода шавад. Тибқи иттилои манбаъ, Серияи А метавонад шумораи дастаҳоро аз 20 ба 18 коҳиш диҳад. Бошгоҳҳо ба зарурати тағйир додани сохтори лига беш аз пеш боварӣ доранд. Ин қисман ба ҳисоботи ширкати аудиторӣ вобаста аст, ки фоидаи иқтисодии ин тағийротро нишон дод.

Ғайр аз он, барои муайян кардани чемпион ва ҷудо кардани ҷойҳо системаи плей-оффро ҷорӣ кардан мумкин аст. Ин идеяро президенти Федератсияи футболи Италия Габриэле Гравина пешниҳод кардааст.