“ТАЛКО-Арена” барои ҷавобгӯ шудан ба стандартҳои КФО боз нурафканҳои иловагӣ насб мекунад
Бо ҳадафи тақвият бахшидани системаи нурафканҳои варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) аз сӯи роҳбарияти сарпарасти кулли даста - Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Ширкати алюминийи тоҷик” (ТАЛКО) насби нурафканҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Турсунзода хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, пас аз гуфтушунид бо яке аз ширкатҳои бузурги ин соҳа “MECREE” аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 108 дона нурафкани 1650 ватта иловатан харидорӣ ва насб мегардад.
Якҷо бо иқтидори қаблӣ, рӯшноии умумии варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена” тақрибан ба 1500-1700 люкс мерасад, ки ин пурра ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Регар-ТадАЗ” пас аз пирӯзӣ дар Ҷоми Тоҷикистон ҳуқуки иштирок барои мавсими ояндаро дар Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё ба даст овард.