Талоши Сомон Маҳмадбеков баҳри роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020

Талоши Сомон Маҳмадбеков баҳри роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020

Аз миёни тамоми варзишгарони кишвар Сомон Махмадбеков, ки қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар соли 2019 гардид, имконияти бештар барои роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпии Токио 2020-ро дорад. Ҳоло машқҳои омодагии ин варзишгари муваффақи кишвар дар Ҷопон идома дорад.

Барои самаранок истифода намудан аз имкониятҳои худ, Сомон Маҳмадбеков тасмим гирифтааст дар ҳама мусобиқаҳои литсензионии Федератсияи байналмилалии ҷудо ширкат карда, имтиёз ба даст орад. Яке аз чунин чорабиниҳо ин “Гран-При Тел-Авив” ба ҳисоб меравад, ки иштироки Маҳмадбеков дар он дар назар аст. Маҳз ба ҳамин хотир ин паҳлавони номвари кишвар машқҳои дастаҷамъонаи худро бо роҳбарии мураббиёни барҷастаи ҷаҳонӣ дар кишвари Ҷопон ба роҳ мондааст. Тамринҳои ӯ то 20-уми январ идома хоҳанд кард. Нахуст Сомон ҳамроҳи 18 нафар ҷудочиёни Иркутски Федератсияи Россия ва 3 мураббӣ дар Донишгоҳи Фукусимаи Ҷопон дарси ҷудо гирифтанд. Сипас аз 11-ум 19-уми январ дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Токио машқҳои дастаҷамъонаи хешро идома медиҳанд. Бинобар иттилои дастрасгардида, тамринҳо дар як рӯз 3 маротиба ба роҳ монда шуда, Сомон дар ҳолати хуби ҷисмонӣ қарор дорад ва барои сайқал додани малакаю маҳорати худ талоши зиёд бурда истодааст. Сипас баъди анҷоми тамринҳо Сомон аз шаҳри Токио ба кишвари Исроил раҳсипор мешавад, то дар “Гран-При Тел-Авив” иштирок кунад.