Тамринҳои дастаҷамъонаи муштараки ҷудокорони тоҷику ӯзбек дар Тошканд

Тамринҳои дастаҷамъонаи муштараки ҷудокорони тоҷику ӯзбек дар Тошканд

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо дастгирии президенти Федератсия - Исмоил Маҳмадзоир ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои иштирок дастаҳои мунтахаби ҷудои кишвар ҷамъомади машқӣ таълимиро доир карда истодааст.

Ҷамъомади тамринӣ, ки 28-уми август дар Маркази омодагии олимпии Тошканд оғоз гардида буд ва 7 сентябр анҷом меёбад.

Ҷамъомади таълими-тамринӣ дар Тошканд марҳилаи асосии омодагии тими мунтахаби кишвар ба Бозиҳои Осиёи Ханжоу маҳсуб меёбад.

Бозиҳои Осиёи Ханжоу аз 19-уми сентябр то 5-уми октябр дар шаҳри Ханжоуи Чин баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар ин чорабинии муҳими сол 11 ҷудокор намояндагӣ мекунанд.

⚡Ҳайати ҷудокорони тоҷик дар Бозиҳои Осиёи дар шаҳри Ханжоу:

Бонувон: Мадина Қурбонзода (-48 кг) , Аҳлия Муминова (-52 кг) , Фазилат Гулбоева (-57 кг) , Мавлуда Одинаева (-57 кг) .

Мардон: Меҳрзод Суфиев (-60 кг) , Обид Ҷебов (-66 кг) , Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) , Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) , Исроил Раҳимов (-100 кг) , Темур Раҳимов (+100 кг).