Тарғиби самбо дар ноҳияи Рашт

Тарғиби самбо дар ноҳияи Рашт

Бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ дар маҷмааи варзишии ноҳияи Рашт мусобиқаи самбо баргузор шуд. Чорабинии мазкур аз мазкур аз рӯи 10 вазн (48кг, 52кг, 57кг, 62кг, 68кг, 74кг, 82кг, 90кг, 100кг ва 100+кг) бо иштироки 72 нафар варзишгар аз тамоми минтақаҳои кишвар баргузор мегардад. Рақобати самбочиён шадид сурат гирифта, дар охир беҳтаринҳо аз ҷониби сарпарастон бо медалу ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.