Тартиби баргузории Ҷоми даъвати КФО-2025/26

Тартиби баргузории Ҷоми даъвати КФО-2025/26

Мусобиқаи Лигаи Даъвати КФО (AFC Challenge League) сеюмин мусобиқоти бошгоҳии қитъаи Осиё буда, бори нахуст соли 2005 баргузор шудааст. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Тоҷикистон барандаи секарата ва рекордии ин мусобиқа дар солҳои 2005, 2006 ва 2009 мебошад. Дар баробари дастаи мо танҳо як тими дигари Тоҷикистон "Истиқлол"-и Душанбе соли 2012 ғолиби ин мусобиқа гардидааст.

Пас аз танаффуси даҳсола (2014-2024) Конфедератсияи футболи Осиё баргузории онро дар мавсими 2024/25 аз нав ба роҳ монд. Қаҳрамони мусобиқа соҳиби роҳхати мустақим ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё мегардад. Дастаи “Арқадоғ”-и Туркманистон чемпиони феълии мусобиқа аст.

Рақобатҳо аз марҳилаи интихобӣ, гурӯҳӣ, чаҳорякниҳоӣ, нимниҳоӣ ва финал иборат аст.

Дар мавсими 12-уми рақобатҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ 20 даста (12 даста дар минтақаи Ғарб ва 8 даста дар минтақаи Шарқ) иштирок мекунад. Дар ҳар гурӯҳ 4 даста аст. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар ҳар як гурӯҳ ба таври мутамарказ дар як макон сурат мегиранд.

Аз минтақаи мо, яъне Ғарб, се ғолиби гурӯҳ ва як дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ мебароянд. Рақобатҳои марҳилаи плей-офф аз бозиҳои рафту баргашт иборатанд.

Аз ҳар як минтақа як дастаӣ ба финал мебароянд. Бозии финалии мавсими 2025/26 рӯзи 9-уми майи соли 2026 барпо мегардад.