Ташхиси тиббии Мбаппе маълум шуд

Ташхиси тиббии Мбаппе маълум шуд

Сомонаи расмии бошгоҳи "ПСЖ" хабар додааст, ки ҳамлавари ҷавони даста Клиан Мбаппе ба наздикӣ дар бозиҳои тим ба майдон меояд. Футболбози фаронсавӣ дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо муқобили дастаи "Брюге"-и Белгия ҷароҳат бардошта, то анҷоми дидор бозӣ карда натавонист. Вале ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки Мбаппе аз ангушти пояш осеб гирифта, он боиси ташвиш нест.

Дар бозии даври шашуми Чемпионати Фаронса "ПСЖ" бо "Лион" рақобат мекунад, вале иштироки Мбаппе дар ин бозӣ дақиқ муаяйн нест.