Ташрифи 15 пешвоёни ҷаҳон ба маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ

Ташрифи 15 пешвоёни ҷаҳон ба маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ

Маҷаллаи Kyodo хабар медиҳад, ки роҳбарони тақрибан 15 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ қасд доранд ба Ҷопон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Токио ташрифо оварданд. Президенти Фаронса Эмманюэл Макрон ва сарвазири Муғулистон Лувсан Намсрайн Ойун-Эрдене аз ҷумлаи пешвоёни ҷаҳон ҳастанд, ки ширкаташон дар ин маросимро эълом кардаанд. Хонуми аввали Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден низ дар ин чорабинӣ ширкат хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 тақрибан 40 чеҳраи саршиноси гетӣ ширкат варзиша буд.