Тайсон дар рақобат бо Ҷонс чӣ қадар маблағ ба даст меорад?

Тайсон дар рақобат бо Ҷонс чӣ қадар маблағ ба даст меорад?

Аллакай маълум гардид, ки муштзанҳои дастони амрикоӣ Майк Тайсон ва Рой Ҷонс дар муборизае, ки рӯзи 28-уми ноябр баргузор мешавад, чӣ қадар маблағ ба даст меоранд. Тибқи хабаргузории маҷаллаи Yahoo Sports, Тайсон дар ин набард 10 миллион доллар, Ҷонс бошад, 3 миллион доллар ба даст хоҳанд овард.

Ёдовар мешавем, ки Тайсони 54-сола ва Ҷонси 51-сола дуэли намоишӣ хоҳанд дошт. Мубориза аз ҳашт раунди ду дақиқаӣ иборат хоҳад буд. Тайсон 58 набард дорад, ки дар 50-тоаш ғолиб омадааст. Ҷонс дар 75 дидор 66 ғалаба ба даст овард ва нӯҳ мағлубиятро аз сар гузаронидааст. Майк Тайсон бори охир соли 2005 ба ринг баромад ва пеш аз мӯҳлат аз Кевин Макбрайд мағлуб шуд. Рой Ҷонс бори охир соли 2018 мубориза бурда, Скотт Сигмонро мағлуб кард.