Тайсон Фюри нархи вуруд ба UFC-ро гуфт – 500 млн доллар!
Қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба бокс миёни сангинвазнҳо Тайсон Фюрии бритониёӣ дар бораи эҳтимолияти бозгашт ба ринг изҳори назар кард.
“Дигар ҳеҷ мубориза намешавад. Шояд ман розӣ мешавам, ки дар UFC ҷанг кунам, агар онҳо маблағ пардозанд. Нархи ман чанд аст? 30 миллион доллар — ин барои ман маблағи ночиз аст. Ман 500 миллион доллар мехоҳам”- гуфтааст, Фюри.
Тайсон Фюри 37 сол дорад. Ӯ соли 2008 ба ҳайси муштзани ҳирфаӣ дебют карда, ду маротиба унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овардааст. Фаъолияти варзишии худро соли 2024 қатъ намудааст. Дар маҷмӯъ, дар ҳисоби ӯ 34 пирӯзӣ, 2 мағлубият ва 1 мусовӣ сабт шудааст.