Тайёрии мунтахаби Тоҷикистон оид ба шоҳмот

Тайёрии мунтахаби Тоҷикистон оид ба шоҳмот

Тайёрии мунтахаби Тоҷикистон оид ба шоҳмот

Дар Маркази шоҳмоти шаҳри Душанбе тамринҳои мунтахаби шоҳмоти Тоҷикистон бо маром ҷараён дорад. Варзишгарони узви мунтахаб таҳти роҳбарии гроссмейстери номдор Евгений Владимиров ба мусобикаҳои дар пешистодаи сатҳи байналмилаӣ омодагӣ мебинанд.

Айни замон дар пойтахти кишвар тамринҳои дастаҷамъонаи мунтахаби шоҳмоти мамлакат ба роҳ монда шудааст. Ба хотири дар сатҳи баланд доир намудани тайёриҳо аз ҷониби Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон мутахассиси шинохтаи ҷаҳони шоҳмот, Гроссмейстер Евгений Владимиров барои гузаронидани як силсила дарсҳо ва тренингҳо ба кишвар даъват гардид. Дар ҷараёни машғулиятҳо шоҳмотбозони меҳан аз таҷрибаи бойу ғании ин устоди варзиши зеҳни истифода бурда, маҳорату малакаии кабсии хешро боз ҳам такмил медиҳанд..

Евгений Владимиров — гроссмейстер:

"Барномаи таълими ҳам дарсҳои назариявӣ ва ҳам машғулиятҳои амалиро дар бар мегирад. Шоҳмотбозон дар стратегияҳо, тактикаҳо кор мекунанд ва баъадн рақобатҳои хешро таҳлил намуда, камбудиҳо худро бартараф месозанд. Инчунин бозиҳои симулятсиони мавҷуданд, ки дар онҳо грорссмейстер Евгений Владимиров ба ҳар як иштирокчӣ тавсияҳои инфиродӣ медиҳад".

Ҳадафи асосии омодагӣ ин таъмини рақобатпазирии шоҳмотбозон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон умедвор аст, ки пас аз ин тамринҳо даста ба чолишҳои баланд омодагии хубтар пайдо карда, дар мусобиқоти дарпешистода натиҷаҳои шоиста нишон медиҳад.

Шоҳмотбозони меҳан   иброз медоранд, ки ки таҳти рохбарии Евгений Владимиров барин мураббии пуртачриба машқ намудан ба онхо дониши нав мебахшад ва ба қобилияташон боварии дучанд мебахшад. Иштирокдорони ин семинар ба Федератсияи шоҳмот барои ташкили чунин чорабинӣ изҳори сипос намуданд.

Бояд қайд кард, ки ташкили чунини мастер- калсҳо қадами устуворе мегузорад то дар оянда мунтахаби шоҳмоти Точикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои беназрие даст ёбад. Дар ин баробар масъулин Федератсия низ ба хотири рушди шоҳмот дар кишвар баргузории чунин мастер- каласҳоро бештар созанд.