Темур барои медали биринҷӣ талош мекунад

Темур барои медали биринҷӣ талош мекунад

Дар шаҳри Бишкек мусобиқаи Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Senior Championships) дар ҳоли баргузорист, ки дар рӯзи сеюми мусобиқа паҳлавони шинохтаи сангинвазни кишвар Темур Раҳимов+100кг ба набардҳо шуруъ кард. Дар даври аввали ин чорабинӣ Темур ҷудочии кишвари Ҳиндустон - Карам Бирро мағлуб кард. Дар даври ¼ ниҳоӣ бошад, Раҳимов бар варзишгари мизбон Юрий Краковетский дастболо шуда, ба даври ½ ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври нимфинал Темур бо варзишгари ошно Хисаёши Харасаваи ҷопонӣ, ки дар даври ¼ ниҳоии мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Анталия шикаст хурда буд, боз дучори нокомӣ шуд. Барои ба даст овардани медали биринҷӣ Темурро мебояд, ки Кажибаев Ерасили қазоқро мағлуб намояд.