Темур дар даври тасаллобахш ҷудокори кореягиро сарафканда кард

Темур дар даври тасаллобахш ҷудокори кореягиро сарафканда кард

Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар даври тасаллобахш бо ҷудочии Кореяи Ҷанубӣ Ким Минёнг андари майдони рақобат шуд. Рақобати ҷудокорон бисёр тезутунд ҷараён гирифт, лек ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов бо иҷрои усули "осакоми" рақиби хешро мағлуб кард. Акнун ӯ барои медали биринҷӣ дар даври ниҳоӣ мубориза мебарад.