Темур дар финали мусобиқаи Hungary Masters 2023

Темур дар финали мусобиқаи Hungary Masters 2023

Имрӯз дар рӯзи охири мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон рақобатҳо зери вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни бонувон ҷараён доранд. Дар ин рӯзи мусобиқа Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) муаррифӣ доранд.

Ҷудокорои ҷавону умедбахши кишвар Темур Раҳимов имрӯз аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дода, соли дуюм пайиҳам ба финали мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон баромад. Дар финали мусобиқа Темур бо ҷудокори финландӣ Мартти Пуумалайнен шоми имрӯз соати 20:00 барои нишони тилло сабқат мекунад.

Имрӯз Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, рақобатҳоро дар даври дуюм оғоз кард. Дар даври дуюм ҷудокори мо бидуни мушкили муқобили Ҷелле Сниппеи ҳолландӣ дастболо шуда, ба даври сеюм роҳ ёфт. Темур дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон муқобили Ҷайегу Юн аз Кореяи Ҷанубӣ як имтиёзи вазарӣ кор кард ва дар лаҳзаҳои охир довар барои камфаъолӣ ба рақиб огоҳии сеюмро нишон доду ғолибият насиби Раҳимов шуд.

Паҳлавони номвари тоҷик Темур Раҳимов дар даври нимниҳоии мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон бар рақиби ботаҷрибаи ҷопонӣ Кокоро Кагуера бо имтиёзи иппон дар вақти тиллоӣ ғалаба карда, роҳашро ба финал ҳамвор намуд. Имсол дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Доҳаи Қатар ҳам, Темур муқобили Кокоро зафар ёфта буд.

Дар финал рақиби Темур аз кишвари Финляндия Мартти Пуумалайнен аст, ки борҳо аз Раҳимов дар мусобиқаҳои сайри ҷудои ҷаҳон мағлуб шудааст. Лек имрӯз Мартти дар даври нимниҳоӣ ба таври ҳангомавии рақиби сарсахти Темур дар мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо Татсуро Саитои ҷопониро шикаст дод. Албатта, дар финал мо аз Темур нишони тилло мунтазирем!


 Боиси зикр аст, ки имрӯз ҷудокори дигари кишвар - Комроншоҳи Устопириён зери вазни то 90 кг рақобатро бо ғалаба оғоз кард, лек дар идома ноком шуда аз идомаи мусобиқа бенасиб монд. Устопириён дар даври аввал муқобили ҳарифи сарсахташ Ван'т Энд Ноели ҳолландӣ зафар ёфта, дар даври дуюм 7 сония мондан то анҷоми мубориза аз Мурод Фатийеви озарӣ мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд . Тақдири ин рақобатро шидо ҳал намуд. Комроншоҳ як вазарӣ дошт, лек онро то охир ҳифз карда натавонист.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз ҷудокори тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода зери вазни то 73 кг барои Тоҷикистон нишони нуқраи мусобиқаи мазкурро соҳиб шуда буд.

Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи Hungary Masters-2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷахонии ҷудо баргузор шудааст. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мегарданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 200 ҳазор евроро ташкил медихад.Дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар хамаи 14 вазн 6000 евро, ба барандагони медали нукра 4000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро такдим мешавад.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз хоҳанд шуд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 имтиёз, барандагони ҷойи дувум 1260 ва ҷойи севум 900 имтиёз мегиранд.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти байналмилалии устодони ҷудо “Jerusalem Masters 2022”, ки моҳи декабри соли гузашта дар Исроил доир гардид, Тоҷикистонро се варзишгар – Эмомалӣ Нуралӣ, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов – муаррифӣ карданд.

Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов медал ба даст овард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Маҷористон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон ба финал роҳ ёфт. Вале Темур дар финал аз Татсуру Саитои ҷопонӣ, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Тошканд, шикаст хӯрд. Ба Саито медали тилло ва ба Раҳимов медали нуқра тақдим гардид. Бояд гуфт, Раҳимов аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки дар ин мусобиқоти пурнуфуз соҳиби медал шудааст.