Темур Раҳимов ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт

Темур Раҳимов ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт

Дар шаҳри Бишкек мусобиқаи Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Senior Championships) дар ҳоли баргузорист, ки дар рӯзи сеюми мусобиқа паҳлавони шинохтаи сангинвазни кишвар Темур Раҳимов+100кг ба набардҳо шуруъ кард. Дар даври аввали ин чорабинӣ Темур ҷудочии кишвари Ҳиндустон - Карам Бирро мағлуб кард. Дар даври ¼ ниҳоӣ бошад, Раҳимов бар варзишгари мизбон Юрий Краковетский дастболо шуда, ба даври ½ ниҳоӣ роҳ ёфт. Акнун дар даври нимфинал Темур бо варзишгари ошно, ки дар даври ¼ ниҳоии мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Анталия шикаст хурда буд, рақобат мекунад. Ҷудочии ҷопонӣ - Хисаёши Харасава дар даври ½ финал бо Раҳимов неру месанҷад.