Темур Раҳимов дар даври 1/8 финали Бозиҳои олимпӣ

Темур Раҳимов дар даври 1/8 финали Бозиҳои олимпӣ

Имрӯз, 30-юми июл охирин ҷудочии Тоҷикистон Темур Раҳимов Тоҷикистонро дар 32-юмин Бозиҳои олимпӣ дар вазни +100кг намояндагӣ дорад. Ин паҳлавони соҳибноми миллат дар даври аввал бо ҷудочии кишвари Куба - Энди Гранда даст ба гиребон шуд. Дар ин вохӯри Темури мо бар рақибаш пирӯз шуда, ба даври 1/8 финал роҳ ёфт. Акнун дар даври мазкур Темур бо рақиби сарсахт қаҳрамони ҷаҳони соли 2018 намояндаи Гурҷистон - Гурам Тушишвили вориди майдони набард мешавад. Дар ин дидор ба Раҳимов барору комёбӣ таманно дорем.