Темур Раҳимов ва Темерлан Башаев дар финали Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023

Имрӯз дар рӯзи охири мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 рақобатҳо аз рӯи 5 вазн (-78 кг, +78 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) ҷараён доранд.
Дар вазни + 100 кг ҷудокори ҷавону умедбахши кишвар Темур Раҳимов дар даври нимниҳоӣ бо имтиёзи иппон ҳарифаш Саба Инанеишвили аз Гурҷистонро шикаст дода, ба финал баромад
Дар финал мо шоҳиди рақобати Темур Раҳимов ва Темерлаш Башаев мегардем. Охирон маротиба ин ду ҷудокор дар финали мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023 чанд ҳафта пеш рақобат карда буданд, ки Башаев пирӯзӣ ба даст оварда буд. Дар умум маротибаи чаҳорум ин ду ҷудокор ба масофи ҳам меоянд. Темур Раҳимов то кунун ягон маротиба муқобили Темрлан Башаеви рус пирӯзӣ ба даст наовардааст.
Қобили зикр аст, ки то расидан ба ин марҳила Темур Раҳимов дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм муқобили Жозеф Терҳеки фаронсавӣ зафар ёфта, дар даври чаҳорякниҳоӣ Валерий Эндовитскийро (IJF) бо 2 имтиёзи вазарӣ шикаст дод. Дар даври нимниҳоӣ бо имтиёзи иппон Темур ҳарифаш Саба Инанеишвили аз Гурҷистонро шикаст дода, ба финал баромад.
Ҳамакнун, дар финал мо шоҳиди рақобати Темур Раҳимов ва Темерлаш Башаев мегардем.
Дар ин рӯзи мусобиқа дигар ҷудокорони кишвар Умедҷон Раҷабов (-90 кг) дар даври аввал бо як имтиёзи вазари аз ҷудокори испанӣ Тристани Мосахлишвили мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Исроил Раҳимов (-100 кг) ҳам дар даври аввали мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023 аз Зелимхан Башаеви баҳрайнӣ мувоҷеҳи шикаст шуда, аз идомаи мусобиқа берун монд.
Ҷудокори сангинвазни тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар даври аввал бо мағлуб кардани Азамат Чотчаев аз Баҳрайн ба даври дуюм роҳашро ҳамвор кард. Дар даври дуюм Мирмамадов аз худ дарак дода натавонист ва аз аз Гурам Тушишвили аз Гурҷистон мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар мусобиқа мазкур ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ба гирифтани нишони тилло даст ёфта буд. Дар рӯзи аввали мусобиқа Меҳрзод Суфиев (-60 кг) мақоми 5-умро касб намуд буд.