Темур ва Малика парчамбардорони ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу

Темур ва Малика парчамбардорони ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу

Темур Раҳимов (ҷудо) ва Малика Лагутенко (тирпаронӣ) - парчамбардорони ҳайати олимпии Тоҷикистон дар 19-ум Бозиҳои Осиёи дар Ҳангжоу интихоб шуданд.

19-ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин аз 23 сентябр то 8 октябр баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш (61 равияи варзишӣ) ворид карда шудааст.

Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 110 варзишгар аз рӯи 19 равияи варзишӣ дар бозиҳо ширкат мекунад.

Қаблан хабар дода будем , ки Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёи дар Ҳангжоу муайян шуда буд. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур нишони тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулиҳо дода мешавад.