Тен Хаг мехоҳад, ки чор бозигари гаронарзиш бояд дар давоми 2 ҳафта Манчестерро тарк кунанд
Эрик тен Хаг мехоҳад, ки аз «Манчестер Юнайтед» чор бозигар раванд.
Чӣ тавре The Independent иттилоъ медиҳад, сармураббӣ мехоҳад, ки дар давоми ду ҳафтаи наздик дастаро Ҳарри Магуайр, Фред, Скотт Мактоминей ва Ҷейдон Санчо тарк намоянд. Тен Хаг оиди мондани бозигарон дар ҳайат қарори ниҳоӣ баровардааст.
Иштиёқ нисбати Магуайр «Вест Ҳэм» намуда истодааст, аммо арзиши бозигар лондониҳоро зери шубҳа мегузорад. «МЮ» дифоъгари хешро 50 млн фунт нархгузорӣ кардааст, аммо харидорони эҳтимолӣ бар онанд, ки Магуайрро метавон бар ивази 35 млн ба даст овард. Мушкилоти асосӣ – маоши баланди Магуайр буда, эҳтимолан ӯ ба иҷора меравад.
Фред бошад ба «Фулҳэм» писанд буда, Мактоминейро – «Вест Ҳэм» ва «Нюкасл» мехоҳанд бихаранд.
Ҳамчунин варианти фурӯши Санчо ба «Тоттенҳэм» баррасӣ шуда, «МЮ» мехоҳад Ҷейдонро шомили арзиши харидории Ҳарри Кейн намояд. Ҳамлавари «Тоттенҳэм» бошад мехоҳад ба «Юнайтед» гузариш намояд, вале бо вуҷуди мавқеи сарсахти Дэниэл Леви ин имконнопазир аст.
Сарчашма — The Independent