Теннисбозони тоҷик бидуни натиҷаи назаррас Бозиҳои Осиёиро ба анҷом расониданд
Мунтахаби тенниси Тоҷикистон баромадро дар 19-умин Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 ба анҷом расонид. Дар ин чорабинӣ 7 теннисбози тоҷик ҳунарнамоӣ карда, мутаасифона натиҷаи назаррас нишон надоданд.
Рақобатҳо дар навъи теннис дар доираи Бозиҳои Осиёӣ ҷараён доранд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюми мусобиқот дар намуди ҷуфти омехта, бо дастаи Қазоқистон нерӯ санҷид. Тими Тоҷикистонро Сумая Тухтаева ва Бахтиёр Исроилов намояндагӣ карданд. Аз ҷараёни нерусанҷӣ баромад, ки сатҳи тенниси Қазоқистон аз мо дида, болотар аст чун онҳо тавонистанд дар ду сет бо ҳисоби 6:0, 6:1 ғалаба кунанд.
Теннисбозони мо бошанд бори аввал дар чунин мусобиқаи сатҳи баланд ширкат мекунанд ва умед аст, ки бо касби таҷрибаи нав дар оянда маҳорати худро сайқал дода, баромади назаррас мекунанд.
Ҳамзамон, дар Бозиҳои Осиёӣ - Собир Саидов, Фирӯз Муҳиддинов ва Исроилов Сунатулло баромад карда, мағлуб шуданд. Варзишгаронро дар мусобиқа мураббӣ Меҳроҷиддин Саидов ҳамраҳӣ кард. Бо ҳамин натиҷаҳои ғайриқаноатбахш ҳунарнамоии теннисбозони тоҷик дар 19-умин Бозиҳои Осиёии Ҳангжоуи -2022 анҷом ёфт.