Тер Штеген ҳамдастаи Бензема дар “Ал-Иттиҳод” мешавад

Тер Штеген ҳамдастаи Бензема дар “Ал-Иттиҳод” мешавад

Дарвозабони тими мунтахаби Олмон ва бошгоҳи «Барселона» Марк-Андре тер Штеген метавонад тобистони имсол ба Лигаи Арабистони Саудӣ гузарад.

Ба иттилои Mundo Deportivo, дастаи “Ал-Иттиҳод”-и шаҳри Ҷидда, ки дар ҳайати он Карим Бензема, Н'Голо Канте ва Фабинйо шомиланд, ба харидории дарвозабони 32-сола ҷиддӣ таваҷҷӯҳ дорад.

Қобили зикр аст, ки директори варзишии бошгоҳи Арабистони Саудӣ Рамон Планес, ки қаблан дар “Барселона” кор мекард, ба номзадии Тер Штеген исрор мекунад.

Шартномаи Тер Штеген бо "Барселона" то тобистони соли 2028 амал мекунад. Дар мавсими ҷорӣ дарвозабони олмонӣ дар ҳайати бошгоҳи “Барселона” дар тамоми мусобиқот 32 бозӣ анҷом дода, 36 голро аз дохили дарвоза гирифта, дар 14 бозӣ дарвозаашро аз гол эмин нигоҳ доштааст.