“The Guardian”: Эрик тен Ҳаг аз симати сармураббии “МЮ” барканор мегардад
Роҳбарияти «Манчестер Юнайтед» аз кори сармураббии даста Эрик тен Ҳаг он қадар розӣ нестанд,дар ин бора нашрияи “The Guardian” хабар дод.
Ба гуфтаи ин манбаъ, натиҷаҳои охири даста бо роҳбарии Эрик Тен Ҳаг он қадар самаровар нест,бояд сармураббӣ даста ҳарчи зудтар боварии роҳбарони дастаро ба даст оварад,чун ки хатари ронда шудани сармураббӣ аз даста хело зиёд аст .
Бошгоҳи англисӣ бо сабаби осебҳои бардоштаи футболбозон ба Тен Ҳаг вақти лозими додаанд, ки ҳарчи зудтар ҳолати мавҷударо бартарф созад, аммо аз ин ҳолат чи гуна бояд раҳоӣ ёбад нигаронии ҷиддӣ низ вуҷуд дорад. Тарзи бозии сармураббиро шӯъбаи футболии «Манчестер Юнайтед» омӯхта истодааст.
«Манчестер Юнайтед» айни ҳол дар ҷадвали “Премйер Лига”и Англия дар мавқеи 14-ум қарор дорад. Дар оғози ин мавсим даста дар 3 бозӣ як ғалаба ба даст овардааст.