Тибо Куртуа сабаби бохти “Реал”-ро аз “Ливерпул” шарҳ дод
Дарвозабони белгиягии тими "Реал Мадрид" - Тибо Куртуа дар пайи натоиҷи бозии даври 5-уми марҳилаи умумии гурӯҳӣ дар Лигаи Чемпионҳо бо "Ливерпул" изҳори назар кард. Ба гуфтаи Куртуа, тими шаҳри Мадрид хуб бозӣ кард, аммо дар хати ҳамла онҳо натавонистанд, ки ба натиҷаи дилхоҳ расанд.
“Ливерпул” ҳоло дар Аврупо беҳтарин даста маҳсуб мешавад. Мо дар нимаи аввал хуб дифоъ кардем, аммо дар хати ҳамла фаъол набудем. Мо метавонистем бо як пеналтӣ ҳисобро баробар кунем, аммо ноком шудем ва пас аз голи дуюми аз дохили дарвоза гирифтаамон дигарбора ба бозӣ баргаштан барои мо душвор буд. Албатта, осеби аксари бозигарони мо низ ҳоло таъсири хешро ба бозиҳои мо гузошта истодааст” – фишурдаи суханони Куртуаро RTBF иқтибос овардааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло «Реал» бо шаш имтиёз дар ҷадвали Лигаи Чемпионҳо дар ҷои 24-ум қарор дорад. «Ливерпул» бо 15 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад.