Тилло барои Фаронса, Ҷопон, Корея ва Гурҷистон. Натиҷаи рӯзи дуюми Мастерс

Тилло барои Фаронса, Ҷопон, Корея ва Гурҷистон. Натиҷаи рӯзи дуюми Мастерс

Дирӯз рақобатҳои рӯзи дуюми Мастерс дар вазни миёна байни ситораҳои ҷудо сурат гирифт. Новобаста аз набудани Шёҳэй Оно,   Тина Трстеняк ва Мартина Трайдос шиддат ва ҷолибияти набардҳоро кам нашуданд.  
Вазни -63 кг: Кларисс Агбененуи мағлубнашаванда
Дар вазни -63 кг миёни бонувон Кларисс Агбенену дар финал бо Нами Набекура қувваозмоӣ кард.  Дар вақти асосӣ ғолиб муайян нашуд ва дар 2-юм дақиқаи вақти изофа Агбенену имконият пайдо кард, ки бо усули тани-отоши ғалаба намояд.
Соли 2020 барои Агбенену бобарор сурат гирифт, зеро ӯ тавонист, ки дар Гран Слэм ва Чемпионати Аврупо қаҳрамон шавад.
Вазни -73 кг: Ан Чангрим сеюмин медали тиллоро барои Корея овард 
Дар вазни -73 кг паҳлавонони тоҷик ҳунарнамоӣ карданд, аммо Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмедбеков дар даври аввал аз рақибони худ ноком шуданд. 
Қаҳрамони ҷаҳони соли 2017 Ҳашимото Соичи муддаӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳашимото тавонист, ки рақибони худро ноком карда, ба финал барояд. Қаҳрамони дигари ҷаҳон (2018) варзишгари кореягӣ Ан Чангрим рақиби Ҳашимото буд.  
Дар вохӯрии ҳар ду ҷудочӣ дар вақти изофа қаҳрамон муайян нагардид. Ҳашимото дар вақти изофа барои партофти хатарнокаш ҷазо гирифт, ки ин Ан Чангримро соҳиби медали тилло кард. 

Вазни -63 кг. Бонувон
1. Агбенену Кларисс (ФАР)
2. Набекура Нами (ҶОП)
3. Лески Андрея (СЛО)
3. Вермеер Санне (НИД)

  Вазни -70 кг. Бонувон. 
1. Оно Йоко (ҶОП)
2. Таймазова Мадина (РОС)
3.Поллинг Ким (НИД)
3. Скоччимарро Ҷованна (ОЛМ)

 Вазни -73 кг. Мардон.
1. Ан Чангрим (КОР)
2. Ҳашимото Соичи (ҶОП)
3. Тураев Ҳикматулло (ӮЗБ)
3. Вандтке Игор (ОЛМ)

 Вазни -81 кг. Мардон. 
1. Григалашвили Тато (ГУР)
2. Де Вит Франк (НИД)
3. Иванов Ивайло (БУЛ)