Тими бонувони Тоҷикистон аз марҳилаи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта натавонист
Бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “Н” миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Фаластин ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи Фаластин анҷом ёфт.
Голҳоро аз ҳайати мунтахаби Фаластин Далиа Асадҳалим дар дақиқаҳои 49', 69' ва Нур Юсуф дар дақиқаи 74' ба самар расониданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар бозии даври аввал тими мо аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби бузурги 10 бар 0 ва дар бозии дуюм аз Малайзия бо ҳисоби 1 бар 0 ноком шуда буд. Ба ҳамин тартиб, тими бонувони Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2021 инҷониб то ҳанӯз ғалаба ба даст наовардааст.
Фаластин дар бозии даври аввал аз Малайзия бо ҳисоби 1 бар 0 ва дар бозии дуюм аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 10 бар 0 мағлуб шуда буд.
Ҳамин тавр, дар гурӯҳи “Н” Кореяи Шимолӣ бо касби 9 имтиёз дар зинаи аввал мақеъ гирифта, роҳхати ягонаро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё соҳиб шуд. Малайзия бо 6 имтиёз дар зинаи дуюм, Фаластин бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи чаҳорум маскан гирифтаанд.
Аз ҳар як гурӯҳ як даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё -2026 роҳ ёфт. Мунтахаби бонувони Тоҷикистон аз гурӯҳ ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифта натавонист.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё -2026 дар Австралия моҳи март баргузор мешавад. Дар қатори мунтахаби мизбон дастаҳои Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Бангладеш, Ӯзбекистон, Кореяи Шимолӣ, Тайпеи Чин, Ҳиндустон, Ветнам, Филиппин соҳиби роҳхат шудаанд. Танҳо бозиҳои интихобии гурӯҳӣ "А" боқӣ мондааст, ки ғолиби ин гурӯҳ роҳхати охиринро ба даст меорад.