Тими миллии бонувони Тоҷикистон барои анҷоми бозиҳои дӯстона ба Дубай сафар кард

Тими миллии бонувони Тоҷикистон барои анҷоми бозиҳои дӯстона ба Дубай сафар кард

Тими миллии занонаи Тоҷикистон ҷиҳати баргузории бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб озими шаҳри Дубай шуд. Даста таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба ин сафар рафта, дар он ҷо машқҳои дастаҷамъӣ ва барномаи омодагиро роҳандозӣ мекунад.

Ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ дар Дубай чанд рӯз идома ёфта, ҳайати даста дар шароити мусоид ба тамринҳо фаро гирифта мешавад. Ситоди мураббиён ният дорад, ки дар ин марҳила ҳолати ҷисмонӣ ва омодагии тактикии бозигаронро беҳтар намуда, ҳамзамон ба чеҳраҳои ҷавон имкони бештар диҳад.

Дар доираи ин ҷамъомад тими миллии бонувони кишвар рӯзҳои 1 ва 5 март дар шаҳри Дубай муқобили мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Ин дидорҳо барои санҷиши ҳайат, мутобиқсозии схемаҳои бозӣ ва тақвияти таҷрибаи байналмилалии футболбозбонувон аҳамияти калон доранд.

Қобили зикр аст, ки чунин бозиҳои санҷишӣ дар доираи омодагӣ ба мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ сурат гирифта, ба рушди минбаъдаи футболи занона дар кишвар мусоидат мекунанд.