Тими миллии футзали Тоҷикистон дар Душанбе бо дастаҳои Испания ва Нидерланд бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар Душанбе бо дастаҳои Испания ва Нидерланд бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 моҳи сентябр дар Душанбе бо тимҳои миллии Испания ва Нидерланд ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Футзалбозони мо 5 сентябр бо тими миллии Испания ва 8 сентябр бо мунтахаби Нидерланд рақобат мекунанд. Ҳамчунин рӯзи 7 сентябр дар Душанбе вохӯрии дастаҳои мунтахаби Испания ва Нидерланд баргузор мешавад. Ҳар се бозии дӯстона дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе сурат мегиранд.

Бояд гуфт, тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «Е» ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо яккачинҳои Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд.