Тими миллии Тоҷикистон бо ҳайати пурра ҷамъ шуд

Тими миллии Тоҷикистон бо ҳайати пурра ҷамъ шуд

Тими миллии Тоҷикистон бо тамоми ҳайат барои машқ ва омодагӣ ба бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Филиппин ҷамъ омад. Дар ин бора расман Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Охирин бозигар, ки ба даста ҳамроҳ шуд, нимҳимоятгари «Локомотив» Парвизҷон Умарбоев буд.

Тамринҳои ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуданд. Бозигарон бори дигар бо майдон шинос шуда, машғулиятҳои якунимсоата гузарониданд.

Ёдовар мешавем, ки бозии охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё–2027 миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Филиппин дар гурӯҳи «А» баргузор мегардад.

Ин дидор барои тими миллии мо аҳамияти бузург дорад, зеро танҳо дар сурати ба даст овардани ғалаба ё мусовӣ, Тоҷикистон метавонад роҳхати Ҷоми Осиё–2027-ро таъмин намояд.

Вохӯрӣ рӯзи 31 март, соати 19:00, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.

Дастгирии мухлисон дар чунин лаҳзаҳои ҳалкунанда бисёр муҳим аст. Биёед бо ҳам омада, тими миллии худро ба сӯи пирӯзӣ раҳнамоӣ кунем!