Тими миллии Тоҷикистон дар бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 бо дастаи Арабистони Саудӣ мусовӣ кард

Тими миллии Тоҷикистон дар бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 бо дастаи Арабистони Саудӣ мусовӣ кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе дар бозии чаҳоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими Арабистони Саудӣ мусовӣ кард.

Ин вохӯрӣ имрӯз, 26-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Ҳисобро дар ҷараёни вохӯрӣ нахуст меҳмонон бо голи Фирас Ал –Бурайкан дар дақиқаи 46-уми қисми дуюм боз карданд. Ирсоли головарро Муҳаммад Ал-Бурайн марбути номи хеш кард. Дар дақиқаи 80-уми бозӣ Рустам Соиров аз ирсоли головари Амадонӣ Камолов истифода бурда, ҳисобро баробар кард. Бо ҳамин натиҷа бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.

Ҳоло пас аз се даври марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Арабистони Саудӣ бо 10 имтиёз дар гурӯҳи «G» пешсаф аст. Яккачини Тоҷикистон панҷ хол дорад. Тими миллии мо дар бозии аввал бо Урдун мусовӣ (1:1), дар бозии дуюм бар Покистон (1:6) зафар ёфта, дар бозии сеюм аз Арабистони Саудӣ (1:0) мағлуб шуда буд.