Тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА зинаи 104-умро ишғол мекунад
Дар раддабандии нави тимҳои миллӣ, ки 28 ноябр дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон як зина боло рафт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳоло дар раддабандии ФИФА дар зинаи 104-ум қарор дорад. Дастаи мо 1203,08 хол дорад – назар ба нашри қаблӣ 6,1 хол зиёд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр ду бозии дӯстона анҷом дода, дар он бар тимҳои миллии Непал (4:0) ва Афғонистон (3:1) пирӯзӣ ба даст овард.
Миёни дастаҳои Осиё мунтахаби Тоҷикистон аз тимҳои миллии Қирғизистон (ҷойи 107-уми ҷаҳон), Лубнон (112), Кореяи Шимолӣ (114), Ветнам (117), Индонезия (125), Ҳиндустон (127) ва дигарон пештар буда, зинаи 17-умро ишғол мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии Аргентина дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеи аввалро ишғол мекунад. Фаронса, Испания ва Англия чаҳоргонаи беҳтаринҳоро ишғол мекунанд.