Тими миллии Тоҷикистон муқобили Филиппин бо либоси сафед бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро дар гурӯҳи «А» муқобили тими миллии Филиппин бо либоси сафед анҷом медиҳад.
Пеш аз ин дидор дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» бо ширкати масъулон, кумитаи тадорукоти маҳаллӣ, намояндагони мунтахабҳои Филиппин ва Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҷаласа дастаҳо ранги пироҳанҳои худро интихоб карданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ бо либоси сафед ва тими миллии Филиппин бо либоси кабуд ба майдон мебароянд.
Бозии Филиппин ва Тоҷикистон рӯзи 10 июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (16:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.