Тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ муқобили Филиппин идома медиҳад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро ба қисми ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» идома медиҳад. Рақиби дастаи мо дар ин марҳила мунтахаби Филиппин мебошад.
Рӯзи 24 март футболбозони тими миллӣ дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, тамрин анҷом доданд. Машқҳо тақрибан ду соат идома ёфта, зери роҳбарии ситоди мураббиён ҷараён гирифтанд. Дар ҷараёни тамрин диққати асосӣ ба омодагии ҷисмонӣ, ҳамоҳангии тактикӣ ва такмили бозии даставӣ равона карда шуд.
Айни ҳол дар ҳайати тими миллӣ 23 бозигар ҳузур доранд. Интизор меравад, ки 25 март дарвозабони клуби «Турон»-и Озарбойҷон Олег Баклов ва нимҳимоятгари «Локомотив»-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев ба ҷамъомади даста ҳамроҳ шаванд ва ҳайатро пурра гардонанд.
Бояд гуфт, ки ин марҳилаи омодагӣ барои даста хеле муҳим аст, зеро натиҷаи бозии дарпешистода метавонад ба мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳ таъсири ҷиддӣ расонад ва роҳи дастаи моро ба Ҷоми Осиё-2027 ҳамвор намояд. Ситоди мураббиён талош доранд, ки даста бо омодагии комил ба бозӣ ворид шуда, натиҷаи мусбат ба даст орад.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Филиппин рӯзи 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19:00 баргузор мешавад.
