Тими мунтахаби футболи расонаии Россия ба Душанбе омад

Тими мунтахаби футболи расонаии Россия ба Душанбе омад

Дар ҳайати даста бозигарони маъруф, ситораҳои медиафутбол ва чеҳраҳое ҳузур доранд, ки таваҷҷуҳи ҳазорон мухлисро ба худ ҷалб мекунанд.

Рӯзи 4 сентябр дар Душанбе вохӯрии дастаҳои мунтахаби футболи расонаии Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад.

Ин танҳо як бозии футбол нест. Ин вохӯрии ду даста, ду фарҳанги футболӣ ва ду рӯҳияи варзишист.

Майдон макони рақобат хоҳад буд, аммо футбол моро ба ҳам наздик мекунад.

Ин бозӣ имкони хубест барои нишон додани маҳорати варзишӣ, эҳтироми тарафайн ва эҷоди лаҳзаҳои хотирмон барои мухлисони футбол!

Ташкилкунандагони бозӣ - КФ «Истиқлол» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастгирии TAS International Group.