Тими наврасони Тоҷикистон омодагиҳоро барои бозӣ бо Кореяи Ҷанубӣ доир намуд

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини ба бозии даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Кореяи Ҷанубӣ омодагӣ мегирад.
Дастаи мо машқҳои охирини худро қабл аз бозӣ гузаронд. Дар тамринҳо ҳамаи 23 бозигаре, ки ҳоло дар ҳайати даста қарор доранд, ширкат карданд.
Қобили зикр аст, ки бозии даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ 14 апрел дар варзишгоҳи «Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал Спортс Сити»-и шаҳри Ҷидда баргузор шуда, соати 20:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:15 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз роҳ ёфтан ба марҳилаи чаҳорякниҳоии мусобиқа тими наврасони то 17 солаи Тоҷикистон роҳхати иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳони наврасонро, ки тирамоҳи соли 2025 дар Қатар баргузор мегардад, ба даст овард.