Тими наврасони Тоҷикистон (U-16) барои медали биринҷии Бозиҳои ИДМ-2025 бо Беларус бозӣ мекунад

Тими наврасони Тоҷикистон (U-16) барои медали биринҷии Бозиҳои ИДМ-2025 бо Беларус бозӣ мекунад

Дар Озарбойҷон сеюмин Бозиҳои ИДМ дар соли 2025 идома дорад. Тими то 16 солаи Тоҷикистон барои ҷойи сеюм дар Бозиҳои ИДМ-2025 бо ҳамсолони худ аз Беларус бозӣ мекунад.

Пас аз он, ки Озарбойҷон дар бозии дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо ҳисоби 4 бар 0 бар Қирғизистон зафар ёфт, тими мо бо 3 имтиёз аз зинаи дуюм ба даври дигар рафт ва онҷо барои ҷойи сеюм бо ҳамсолони худ аз Беларус бозӣ мекунад. Озарбойҷон ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Вохӯрии дастаҳои то 16 солаи Тоҷикистон ва Беларус рӯзи 3-юми октябр баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мо бо ҳисоби 1:0 аз Озарбойҷон мағлуб шуда, бо ҳисоби 7:1 Қирғизистонро шикаст дода буд.

Мавриди зикр аст, ки Бозиҳои III –юми кишварҳои ИДМ аз 28-уми сентябр то 8-уми октябри соли 2025 дар 7 шаҳри Озарбойҷон баргузор мешавад. Бозиҳои I -уми ИДМ соли 2021 дар Русия ва II-юм дар Беларус соли 2023 баргузор шуда буданд. Варзишгарони то 23 сола дар ин мусобиқа ҳуқуқи иштирокро доранд.