Тими олимпии Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона боз аз АМА шикаст хӯрд

Тими олимпии Тоҷикистон дар бозии дуюми  дӯстона боз аз АМА шикаст хӯрд

Дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар АМА мунтахабҳои олимпии Тоҷикистон (U-23) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (U-23) вохӯрии дуюми дӯстонаро доир карданд. Бозии дастаҳо 18-уми ноябр дар варзишгоҳи «Эмирейтс»-и шаҳри Рас-ал-Хайма баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи тими АМА анҷом ёфт.

Қобили зикр аст, ки 15 –уми ноябр дар варзишгоҳи «Эмирейтс»-и Рас-ал-Хайма бозии дӯстонаи якумро дастаҳо доир карда буданд, ки бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи тими Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом ёфта буд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҷамъомади тамринӣ дар АМА 24 бозигар аз ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон даъват шудааст. Чаҳор бозигар – Содиқҷон Қурбонов, Амадонӣ Камолов, Азизбек Ҳайитов ва Далер Шарифов, ки метавонанд дар ҳайати мунтахаби олимпии кишвар дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) иштирок кунанд, дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон мебошанд.