Тими саудии «Ал-Ҳилол» ба Верратти маоши солонаи 48 млн евро пешниҳод кардааст

Нимҳимоягари итолиявӣ Марко Верратти бо тими саудии «Ал-Ҳилол» оиди шартномаи сесола бо маоши солонаи 48 млн евро ба мувофиқа расидааст, иттилоъ медиҳад журналист Николо Скира дар саҳифаи «твиттер»-и хеш.
Тибқи иттилоъ сарчашма тими саудӣ омода аст ба «ПСЖ» 50 млн евро баҳри футболбози 30-сола пардохт намояд, то ба амаликунии гузариш наздик шавад.
Дар равзанаи тобистонаи трансферӣ «Ал-Ҳилол» аллакай бо бозигароне чун Рубен Невеш, Сергей Милинкович-Савич, Калиду Кулибали ва Малком сафи хешро пурқувват намудааст.
Ёдрас мекунем, ки Марко Верратти ба сафи «Пари Сен-Жермен» соли 2012 аз тими итолиявии «Пескара» гузариш намуда, дар сафи парижиҳо беш аз 300 бозӣ гузаронид. Ӯ қаҳрамони чандинкаратаи Фаронса ва дорандаи Суперҷом ва Ҷоми Фаронса мебошад.