Тими ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2023” ширкат меварзад

Тими ҷудои Тоҷикистон  дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2023”  ширкат меварзад

Мусобиқаи “Baku Grand Slam 2023” рӯзҳои 22-24-уми сентябр бо иштироки 313 ҷудокор аз 57 кишвари дунё баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7 ҷудокор миёни мардҳо намояндагӣ мекунанд:

Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг)

Эмомалии Нуралӣ (-66 кг)

Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг)

Шодмон Ризоев (-81 кг)

Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг)

Мансур Раҳмон (+100 кг)

Шакармамад Мирмамадов (+100 кг)

Ёдовар мешавем, ки фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд.