То бозии дӯстонаи тимҳои миллии АМА ва Тоҷикистон 2 рӯзи дигар боқӣ монд

То баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон ду рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Вохӯрии санҷишии дастаҳои АМА ва Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»-и Абу-Даби доир мешавад. Бозӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Бозии дӯстона
25 март (шанбе)
Оғоз – соати 23:00 ба вақти Душанбе
АМА – Тоҷикистон
Абу-Даби, варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»