Тоҷикистон аввалин бозиро зери роҳнамоии Игор Ангеловский бо ғалаба ҷамъбаст намуд
Тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии нави даста Игор Ангеловский дар нахустин бозии дӯстонаи худ ба пирӯзӣ даст ёфт. Мунтахаби Тоҷикистонро рӯзи 5 июн дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода тими миллии Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Ин вохӯрӣ барои мунтахаби Тоҷикистон аҳамияти махсус дошт, зеро бори аввал даста зери роҳбарии мутахассиси македонӣ Игор Ангеловский ба майдон баромад. Ҳамзамон, бозӣ бозгашти мунтахаби кишвар ба шаҳри Турсунзода баъд аз танаффуси тӯлонии 15 сол ба ҳисоб мерафт ва беш аз 10 ҳазор нафар мухлис барои дастгирии даста ба варзишгоҳ омада буданд.
Футболбозони тоҷик аз дақиқаҳои аввал ташаббусро ба даст гирифта, бозии фаъол нишон доданд. Самараи талошҳои мунтахаб дар задани се гол инъикос ёфт. Шериддин Бобоев, Меҳрубон Каримов ва Эҳсони Панҷшанбе муаллифони голҳои дастаи Тоҷикистон гардиданд. Меҳмонон танҳо тавонистанд як маротиба дарвозаи мунтахаби моро рахна намоянд.
Пирӯзӣ бар тими миллии Ҳиндустон оғози муваффақонаи фаъолияти Игор Ангеловский дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба шумор меравад. Мухлисон умедворанд, ки даста зери роҳбарии мутахассиси нав дар мусобиқаҳои байналмилалии оянда низ натиҷаҳои хуб ба даст меорад.
Ёдовар мешавем, ки бозии дуюми дӯстона миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон рӯзи 9 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Қарор аст вохӯрӣ соати 20:00 оғоз гардида, барои ҳар ду даста имкони хуби омодагӣ ба мусобиқаҳои расмии дарпешистода бошад.
Бозии рафиқона
Тоҷикистон 3:1 Ҳиндустон
Голҳо: Шериддин Бобоев, 8 (1:0). Меҳрубон Каримов, 62 (2:0). Эҳсони Панҷшанбе, 67 (3:0). Фарух Хаҷи Касам, 89 (3:1).
Довари марказ: Аскер Наҷафалиев (Ӯзбекистон).
5 июн. Турсунзода. Варзишгоҳи “Талко-Арена”. 10 245 тамошобин.