#ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!
Имрӯз 15-уми октябр дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври 4 –уми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2022 дар гурӯҳи «F» байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон соати 17:15 доир мегардад. Ҳамаи мухлисонро баҳри дастгирӣ ва мухлисии тими меҳан ба варзишгоҳ даъват мекунем. Дар якҷоягӣ мо метавонем ба қувваи бузург табдил ёбем!
Ҷоми ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣ. Даври дуюм
Гурӯҳи «F». Даври 4-ум
15 октябр (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 17:15
ТОҶИКИСТОН – Ҷопон
Пахши мустақим: ТВ «Варзиш» ва ТВ «Футбол»
Шореҳон: Бобо Холмуродзода ва Парвизи Маҳмадамин
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе