Тоҷикистон бар муқобили Ҷопон бо пероҳани сурх бозӣ мекунад

Тоҷикистон бар муқобили Ҷопон бо пероҳани сурх бозӣ мекунад

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии хонагии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2022, ки фардо дар гурӯҳи “Ғ” байни яккачинҳои Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор мешавад, бо пероҳани сурх майдондорӣ хоҳад кард. Тими миллии Ҷопон бошад, бо либосҳои сафед вориди майдон мешавад. Ёдовар мешавем, ки бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон фардо соати 17:15 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ҷоми ҷаҳон-2022

Марҳилаи интихобӣ. Даври дуюм

Гурӯҳи «F». Даври 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 17:15

ТОҶИКИСТОН – Ҷопон

Довари асосӣ: Муҳаммад Зайд Самир (Ироқ).

Ёварони довар: Убайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ, Ҷаббор Акрам Алӣ (ҳарду – Ироқ).

Довари эҳтиётӣ: Чаримурат Қурбанов (Туркманистон).

Нозири доварон: Энтони Ҷон Да Коста (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (АМА).

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе